Муаррифии шахсиятҳои мусалмон ба кӯдакон дар Лондон
Нависандае дар Лондон шахсиятҳои мусалмонро ба кӯдакон муаррифӣ мекунад
Нависандаи кутуби кӯдаки исломӣ дар Лондон, аз чолишҳои пеши рӯ мегӯяд ва инки чаро тасмим гирифта катбӣ барои кӯдакон бо шахсиятҳои мусалмон бинависад.
Зайнаб, нависандаи араби англисӣ гуфт, вақте дар инҷо фарзандатонро ба китобхона мебред, шонси ёфтани як китоб бо шахсиятҳои мусалмон ғайримумкин ё бисёр кам аст.
Ӯ бо вуҷуди иштиёқи зиёдаш ба нигориш, ҳамеша дӯст дошта, муаллим шавад ва мегӯяд, вақте кӯдак будам ошиқи навиштан шудам, ман дафтарчаҳоро бо ашъорам пур мекардам, аммо баъдҳо ба илм ва дониш алоқаманд шудам. Аммо танҳо пас аз инки бачадор шудам фаҳмидам мо то чӣ андоза ба китобе бо шахсиятҳои мусалмон ниёз дорем.
Вай афзуд, нашри китоб бавижа барои нависандагони мусалмон бисёр душвор аст.
Китоби кӯдаконаи ин нависандаи мусалмон «Сайёраи умр» ном дорад ва ба забони кӯдакона ба нигориш шудааст.
Ӯ иддеаи ин китобро аз писараш, ки дар он замон 9 сол дошта гирифтааст.
Зайнаб дар ин китоб кӯдаки меҳрубонеро ривоят мекунад, ки ҳам ҳувияти мусалмон ва ҳам ҳувияти бритониёӣ дорад ва дар Англия исломситез ва мадориси нажодпараст таҳсил мекунад.