Ҳамла бо силоҳи сард дар Маскав
(last modified Sun, 16 Feb 2020 12:08:09 GMT )
Феврал 16, 2020 17:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла бо силоҳи сард дар Маскав

Ҳамла бо силоҳи сард дар Маскав, пойтахти Русия чанд маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Вазорати дохилии Русия эълом кард:

Як марди мусаллаҳ ба силоҳи сард имрӯз, якшанбе ба мардум дари калсои "Сант Николас"-и Маскав ҳамла кард, ки дар натиҷаи он, чандин нафар маҷрӯҳ шуданд.

Хабаргузории ТААС  аз шиносоии ду маҷрӯҳи ин ҳамла то кунун хабар додааст.

Бинобар эъломи Вазорати дохилии Русия, мардум қабл аз расидани пулис фарди муҳоҷимро дастгир карданд.

Мақомоти Маскав дар бораи ҳуввият ва ангезаи омили ин ҳамла иттилооте ироа накардаанд.