Намояндаи Конгираи Амрико: 11 миллион кӯдак дар ин кишвар гуруснаанд
Илҳан Умар намояндаи мусулмони Конгираи Амрико рӯзи якшанбе дар Твиттер эълом кард, 11 миллион кӯдак дар ин кишвар бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Илҳан Умар бо интиқод аз шароити бади кӯдакони амрикоӣ афзуд, бисёре аз донишҷӯёни амрикоӣ низ ба далели надоштани пул гурусна мемонанд.
Вазорати маскан ва тавсеаи шаҳрии Амрико ахиран эълом карда буд, ҳазорон хонавода дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар ба далели вазъияти бади иқтисодӣ, маскан ва сарпаноҳи худро аз даст дода ва дар шароити бисёр баде зиндагӣ мекунанд.
Коршиносон сиёсатҳои нодурусти давлат, коҳиши пардохтҳои рифоҳӣ ва даромади хонаворҳоро аз далелҳои аслии афзоиши фақр ва бехонамонӣ дар Амрико медонанд.