Феврал 17, 2020 12:15 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Гутерриш дар бораи афзоиши исломҳаросӣ дар ҷаҳон

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо ибрози нигаронӣ дар бораи афзоиши исломҳаросӣ дар ҷаҳон, ин равандро ғайри қобили таҳаммул хонд.

Ба нақл аз рӯзномаи Дейлӣ Саббоҳ, Антониу Гутерриш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар Конфронси хабарии муштарак бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ вазири умури хориҷаи Покистон дар Исломобод гуфт, имрӯза шоҳид ҳастем, ки муҳоҷирон ё паноҳҷӯён гоҳе вақтҳо аз сӯи сиёсатмадорони ифротӣ ҳадафи ҳамла қарор мегиранд.

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид афзуд, бояд бо қудрат бо исломҳаросӣ мубориза кунем.

Антониу Гутерриш тасреҳ кард, нафратпароканӣ яке аз муҳимтарин абзорҳои исломҳаросӣ аст ва Созмони Миллали Муттаҳид  ба тозагӣ як тарҳи ибтикорӣ барои муқобила бо ин нафратпароканӣ оғоз кардааст.

Ин мақоми Созмони Миллали Муттаҳид  таъкид кард, барои мубориза бо тамоми шаклҳои авомгароӣ, ки саъй мекунанд аз исломҳаромӣ ва дигар шаклҳои нафрат ба унвони абзоре барои касби овоз баҳра ҷӯянд ба иқдом дар саросари ҷаҳон комилан мутааҳид ҳастем.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ низ бо ибрози нигаронӣ дар бораи афзоиши исломҳаросӣ гуфт, ин раванд бисёр хатарнок аст ва ҳамакнун арсаи сиёсии Аврупоро таҳти таъсир қарор додааст.

Гуфтаҳои Гутерриш дар шароите матраҳ мешавад, ки дар солҳои ахир иқдомоти исломҳаросона дар Амрико ва Аврупо ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Давлатҳои аврупоӣ, қавонини сахтгиронаеро барои маҳдуд кардан ва муқобила бо мусулмонон дар иҷрои фаризаҳои динӣ ва пушиши исломӣ барои бонувони мусулмон ба иҷро гузоштаанд.

 

Барчасп