Феврал 17, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Бозори ҳалоли олимпии Ҷопон дари ихтиёри Малайзия

Бозори ҳалоли олимпии Ҷопон дар ихтиёри Малайзия қарор мегирад.

Малайзия кишваре, ки аксарияти ҷамъияти онро мусалмонон ташкил медиҳанд, ва Токио барои бозиҳои олимпии 2020-и Ҷопон фақат бо ин кишвар ба тавофуқи ҳамкории таҳияи ғизои ҳалол расидааст.

Як корхонаи кӯчак дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия дар ҳоли омодасозии ҳазорон ваъдаи ғизоии омода, ҳалол ва ирсол ба бузургтарин рӯйдоди варзишии 2020 дар Ҷопон аст.

Интизор меравад ширкатҳои маводи ғизоӣ аксаран аз кишвари мусалмоннишини Малайзия, барандагони аслии бозиҳои олимпӣ ва параолимпии 2020 Токио аз авохири моҳи июл то сентябр бошанд.

Аҳмадҳусайнӣ Ҳасан, раиси ширкати таҳияи ғизоии «Mai Chef» гуфт, дар ҳоли музокира бо як ширкати хӯрдафурӯши ҷопонӣ аст, ки ба таври муштарак ваъдаҳои ғизоӣ ва хӯрокии ҳалолро таҳия кунанд.

Ин ширкат қасд дорад саҳми даромади худро имсол ба 4 миллиону 500 ҳазор ринггит (муодили 1 миллион доллар) бирасонад.

Малайзия мехоҳад аз ин бозиҳо ба унвони мавқеияте барои тақвияти содироти ҳалол истифода кунад.

Ин кишвар дар соли 2018 колоҳои ҳалол ба арзиши 604 миллиондоллар ба Ҷопон содир кард, ки 90 дарсади он маводи ғизоӣ будааст.