Феврал 18, 2020 19:04 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ боз ҳам раисҷумҳури Афғонистон шуд

Саранҷом пас аз 4 моҳ аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон Комиссияи интихоботи ин кишвар Муҳаммад Ашраф Ғаниро барандаи ин интихобот эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Ҳавво Алам Нуристонӣ, раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо касби 50,64 дарсад аз ороъ барандаи интихобот аст. Бар асоси эъломи ин комиссия, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо касби 72 ҳазору 841 раъй 39.52 дарсади ороъро ба худ ихтисос дод.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр баргузор шуд ва дар он рақобати аслӣ байни Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури кунунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии ин кишвар сурат гирифт.

Ин дар ҳолест, ки Фаридун Хазун, сухангӯи тими “Субот ва ҳамгароӣ”-и вобаста ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълом кардааст, ки натоиҷи эъломшуда аз сӯйи Комиссияи интихоботи Афғонистонро намепазирад.