Дархости Созмони Милал аз Эрон, Русия ва Туркия дар бораи бӯҳрони Сурия
(last modified 2020-02-19T08:38:46+00:00 )
Феврал 19, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони Милал аз Эрон, Русия ва Туркия дар бораи бӯҳрони Сурия

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон ва бархе кишварҳои дигар, аз ҷумл Русия ва Туркия дар ҳалли бӯҳрони Сурия кӯмак хост.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, бо ишора ба мушкилоти миллати Сурия бобати нооромиҳои тӯлонимуддат дар ин кишавар, оташбаси фаврӣ дар ин кишварро хостор шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон, Туркия ва Русия низ хост, то як роҳи ҳалли сиёсӣ дар ин замина пайдо кунанд.

Гуттереш дар идома ҳамчунин гуфт, ки ҷаҳони кунунӣ ба далели ҳарҷу марҷҳои мавҷуд ошӯбзада шудааст.

Эрон ва Русия аз муттаҳидони Дамишқ дар баробари террористҳо маҳсуб мешавнд.

 

Барчасп