Вокуниши корбарони маҷозӣ ба ҳиҷоби духтари Трамп  
(last modified Wed, 19 Feb 2020 17:31:53 GMT )
Феврал 19, 2020 22:31 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши корбарони маҷозӣ ба ҳиҷоби духтари Трамп  

Иванка Трамп, духтари раисҷумҳури Амрико аксҳоеро аз худ ҳини боздид аз масҷиди шайх Зоиди Иморот бо ҳиҷоби исломӣ твит кард.

Ба гузориши ИКНА, Иванка, духтар ва мушовири вижаи Трамп рӯзи шанбе барои ширкат дар Маҷмаъи ҷаҳонии занон дар Дубай ва ҳамчунин мулоқот бо шайх Муҳаммад бин Зоид оли Наҳён, валиаҳд, вориди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шуд.

Вай дар ин сафар дар ҳоле, ки рӯсарӣ бар сар дошт, аз масҷиди шайх Зоид дар Абудабӣ дидор кард. Ин иқдоми Иванко сабаби вокунишҳои мухталифе дар байни корбарони фазои маҷозӣ шуд.

Бархе аз тарафдорони Трамп, ки аз ҳиҷоби ӯ нороҳат шуда буданд, муътақиданд, ки Иванка бояд ба ҳиҷоб эътироз мекард, на ин ки барои хушнудии раҳбарони мусулмон рӯсарӣ бар сар кунад.

Яке аз онҳо дар твите навишт: «Медонам Иванко корҳои зиёде барои занон кардааст, аммо ин кори ӯ як иштибоҳи бузург буд.

Корбари дигаре ин иқдоми духтари Трампро розӣ нигаҳ доштани аъроб барои ба даст овардани долларҳои бештар донист.

Як корбари ифротгарои дигар ҳам твит карда: Иванка набояд рӯсарӣ бар сар мекард. Чаро бояд ба мусулмонон эҳтиром бигузорад?

Бархе аз корбарон ҳам ин иқдоми Иванка Трампро сирфан барои эҳтиром ба як макони мазҳабӣ ва на иқдоме дар ҳимоят аз ҳиҷоб донистанд.

Аз сӯи дигар, гурӯҳе аз корбарон низ муътақиданд, ки агар ӯ қасди эҳтиром гузоштан ба мусулмононро дошт, бояд бо падараш дар бораи ҷилавгирӣ аз исломҳаросӣ сӯҳбат мекард. Онҳо ин иқдоми духтари Трампро тазоҳур ба ҳимоят аз занони мусулмон донистанд.