Исрори Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар таъини вилоятдорони нав дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51163
Абдуллоҳ Абдуллоҳ -раиси иҷроии Давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар идомаи эътироз ба натиҷаҳои интихоботи раёсаҷумҳурии ин кишвар вилоятдори Самангонро барканор ва вилоятдори нави ин вилоятро таъин кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 24, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Исрори Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар таъини вилоятдорони нав дар Афғонистон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ -раиси иҷроии Давлати ваҳдати миллии Афғонистон дар идомаи эътироз ба натиҷаҳои интихоботи раёсаҷумҳурии ин кишвар вилоятдори Самангонро барканор ва вилоятдори нави ин вилоятро таъин кард.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Фаридуни Хузун- сухангӯи тими субот ва ҳамгароии Афғонистон рақиби Ашрафғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кард,  Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз барканории вилоятдори Самангон Муҳаммадосиф Азимиро ҷойгузини вай кард.

Раиси иҷроии Давлати ваҳдати миллии Афғонистон пеш аз ин ҳам вилоятдорони Сарпул ва Ҷавзҷонро барканор ва ашхоси наверо таъин карда буд.

Дар пайи муаррифии Ашрафғанӣ раисиҷумҳурии Афғонистон ба унвони пирӯзи интихоботи 20 сентябр ва мухолифати Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби аслии Ғанӣ дар ин давра аз интихобот, ин кишвар вориди марҳилаи тозае аз танишҳои сиёсӣ шудааст.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбе бори дигар Муҳаммад Ашрафғаниро ғолиби интихоботи раёсаҷумҳурии ин кишвар эълом кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ нафари дуввум шуд.