Кӯдаконамонро чигуна муқобили коронавирус ҳифз кунем?+видео
(last modified Mon, 24 Feb 2020 10:32:24 GMT )
Феврал 24, 2020 15:32 Asia/Dushanbe

Сандуқи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар иттилоияе ба волидайн тавсия кард агар худ ё кӯдаконатон нишонае аз коронавирус доред, аз ҳамон ибтидо кӯмаки пизишкӣ бигиред ва саъӣ кунед аз ҳузур дар маконҳои умумӣ монанди маҳали кор, мактабҳо ва васоили нақлияи умумӣ бипарҳезед то аз сироят ба дигарон пешгирӣ шавад.

Агарчи баррасиҳо нишон медиҳад кӯдакон саҳми ночизе дар миёни мубталоён ба коронавирус доранд, аммо ин ибтилои кам далели он намешавад, ки аз кӯдакон муроқибат накунем.

Дар ин видео бо роҳҳои муҳофизат аз кӯдакон дар баробари ин вирус ошно шавед.