Феврал 25, 2020 12:24 Asia/Dushanbe
  • Фавти 96 нафари дигар дар Чин ба иллати ибтило ба коронавирус

Коронавирус ҷони 96 нафари дигарро дар Чин гирифт.

Ба нақл аз Форс, шумори ашхосе, ки дар Чин ба коронавирус мубтало шудаанд 630 маврид афзоиш ёфт ва 96 нафари дигар низ ҷони худро аз даст доданд.

Бо эҳтисоби омори нав шумори мубталоён ба ин вирус дар маҷмӯъ ба 64084 маврид расидааст.

Дар ҳамин муддат 96 нафари дигар бар асари ибтило ба ин вирус кушта шуданд, ки мизони талафоти бархоста аз ин вирусро ба 2346 нафар афзоиш додааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа 297 мавриди нави ибтило ба коронавирус дар Чин гузориш шуда буд, ки дар қиёс бо 889 нафаре, ки як рӯз пеш аз он ба ин вирус мубтало шуда буданд, коҳиш ёфта буд.

Коронавирусҳо дастае куллӣ аз вирусҳо ҳастанд, ки бемориҳои марбут ба дастгоҳи танаффусӣ аз сармохурдагии оддӣ гирифта то бруншит ва уфунати маҷрои танаффусиро мунҷар мешавад.