Шиддат гирифтани тадбирҳои Русия барои муқобила бо коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51343-Шиддат_гирифтани_тадбирҳои_Русия_барои_муқобила_бо_коронавирус
Раиси Созмони пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Русия аз барпоии беш аз 360 маркази карантин дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар барои муқобила бо бемории коронавирус ва пешигирӣ аз сирояти он хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 29, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Шиддат гирифтани тадбирҳои Русия барои муқобила бо коронавирус

Раиси Созмони пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Русия аз барпоии беш аз 360 маркази карантин дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар барои муқобила бо бемории коронавирус ва пешигирӣ аз сирояти он хабар дод.

Анна Попова, раиси Созмони пешгирӣ аз бемориҳои вогири Русия рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, беш аз 360 марказ барои расад ва назорат бар ашхосе, ки ба хотири хатари коронавирус дар шароити карантин басар мебаранд дар минтақаҳои мухталифи Русия эҷод шудааст, ки аз ин теъдод 130 марказ бо ҳашт ҳазору 313 тахти бемористонӣ ҳамакнун фаол аст.

Ин мақоми рус афзуд, боқии марказҳое, ки дорои 21 ҳазор тахт ҳастанд дар шароити омодагии комил қарор доранд.

Ба гуфтаи Попова, ҳамаи шаҳрвандони рус, ки аз киштии мусофирии Даймон Принсес дар Жопон ба Русия мунтақил шудаанд аз вазъи саломатии хубе бархурдоранд.

Коронавирус, ки номи расмии он Ковид-19 (Kovid II) аст, нахустин бор дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд.

Гузориши рӯзи шанбеи Комиссиони тандурӯстии миллии Чин нишон медиҳад аз миёни 85 ҳазору 162 бемор дар ҷаҳон 79 ҳазору 251 нафар дар Чин ҳастанд.