Баргузории Ҷашнвораи байналмиллалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Дар остонаи фаро расидани иди бостонии Наврӯз, Ҷашнвораи байналмиллалии Наврӯз дар шаҳри Курдмири Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.
Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо; дар ин ҷашнвора бахше аз осори фарҳангӣ, саноати дастӣ ва шириниҳои суннатии Ҷумҳурии исломии Эрон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Туркия ва Индонезия ба муддати се рӯз дар маърази диди боздидкунандагон қарор мегирад.
Пахши намоҳанге аз минтақаҳои гардишгарӣ ва таърихии Эрон аз барномаҳои ин намоишгоҳ аст.
Дар маросими гушоиши ин намоишгоҳ Ҷайҳун Ҷаъфаров, фармондори шаҳристони Курдмир аз иди Наврӯз ба унвони иди дӯстиҳо ва меҳрубониҳо ёд кард, ки ҳамвора хайру баракат ва фаровонии неъматро ба дунболи худ меоварад.