Март 03, 2020 19:36 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Тарҳи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон беарзиш аст

Вазорати корҳои хориҷии Русия эълом кард, дархости Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Милал арзише надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Русия дар ин хусус омадааст: «Иёлоти Муттаҳида дар талош аст, ки Русия ва Чинро розӣ кунад, то пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар хусуси тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Эронро вето накунанд, дар ҳоле ки Шӯрои амният чунин мавзӯеро матраҳ накардааст ва далеле барои матраҳ шудани чунин чизе вуҷуд надорад, зеро тавофуқҳое дар соли 2015 анҷом гирифта, ки қарор нест, дар бораи онҳо таҷдиди назар шавад». Вазорати умури хориҷии Русия тасреҳ кард: «Масхара аст, ки як кишвар дар ҳоле аз тамдиди бархе аз илзомоти қатъномае ҳарф мезанад, ки на танҳо худаш ноқизи он аст, балки талош мекунад, бо таҳдид ба таҳрим дигар кишварҳоро низ аз пойбандӣ ба он манъ кунад».

Пеш аз ин дафтари намояндагии доими Амрико дар Созмони Милал бо судури баёнияе дар хусуси поёни таҳрими таслиҳотии Эрон дар октябри имсол тамдиди ин таҳримҳоро дар Созмони Милал хостор шуда буд.

Тибқи яке аз бандҳои қатъномаи 2231, ки аз соли 2016 иҷроӣ шуд, Эрон то панҷ сол аз хариди таслиҳоти таҳоҷумӣ манъ шудааст.

 

Барчасп