Таҳдиди бомбгузорӣ ду ҳавопайморо дар Русия ба замин нишонд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51461
Ду ҳавопаймои мусофирбарӣ дар Русия ба далели таҳдид ба бомбгузорӣ маҷбур ба фуруди изтирорӣ шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 03, 2020 20:16 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди бомбгузорӣ ду ҳавопайморо дар Русия ба замин нишонд

Ду ҳавопаймои мусофирбарӣ дар Русия ба далели таҳдид ба бомбгузорӣ маҷбур ба фуруди изтирорӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, бомдоди имрӯз як ҳавопаймои мусофирбари “Эйробус-330”, ки аз Владивостоки Русия озими Маскав буд, таҳдид ба бомбгузорӣ шуд. Ин ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати “Аэрофлот” ҳомили 167 мусофир ва 14 хадама пас аз таҳдид ба бомбгузорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Хабаровск фуруди изтирорӣ кард.

Ҳавопаймои мусофирбари дигаре низ, ки мутааллиқ ба ширкати русии “S7” буд, субҳи имрӯз таҳдид ба бомбгузорӣ шуд. Ин ҳавопаймои навъи “Эйробус-320”, ки аз Новосибирск озими Маскав буд, пас аз таҳдид ба бомбгузорӣ дар фурудгоҳи Перм фуруди изтирорӣ кард. Ин таҳдид аз тариқи эмейл ба ширкат “S7” ирсол шуда буд ва пас аз дарёфти паём ба халабони ҳавопаймо дастури фуруди изтирорӣ дода шуд.

Таҳдидҳои бомбгузорӣ ба мушкили амниятӣ барои Русия табдил шудааст ва ҳар сол ҳазорон таҳдид ба шакли паёмҳои эмейлӣ ё таҳдидҳои телефонӣ мушкилоти фаровонеро барои ин кишвар ба вуҷуд овардааст.