Март 04, 2020 21:51 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ибтило ба корона дар Чин

Ибтило ба корона дар Чин боз ҳам коҳиш ёфт.

Давлати Чин дар тозатарин иттилоърасонӣ дар бораи паҳншавии вируси корона дар ин кишвар, аз дармони 49 ҳазору 856 мубтало ба вируси корона хабар додааст.

Ба гузориши “Форс”, Комиссияи миллии беҳдошти Чин имрӯз, чаҳоршанбе дар бораи мизони мубталоён, дармоншудагон ва куштаҳои вируси корона дар ин кишвар иттилоъ‍расонӣ кардааст.

Тибқи эъломи ин ниҳоди давлатии Чин, дар 24 соати гузашта 119 мавриди ҷадиди ибтило ба корона шиносоӣ шуда ва ба ин тартиб кулли мубталоён дар Чин ба рақами 80 ҳазору 270 нафар расидааст.  

Бино бар иттилооти комиссияи миллии беҳдошти Чин, зарфи як рӯзи гузашта 38 нафар аз мубталоён ҷонашонро аз даст доданд ва ба ин тартиб мизони талафоти корона ба 2983 кушта афзоиш ёфтааст.

Комиссияи мазкур ҳамчунин эълом кард, дар ҳоли ҳозир 36 ҳазору 432 мубтало ба корона дар марокизи пизишкии Чин дар ҳоли дармон ҳастанд ва маҷмӯи мубталоёне, ки дармон шуда ва ба хона баргаштаанд, ба 49 ҳазору 856 нафар расидааст.

37 тан аз куштаҳо рӯзи сешанбе дар устони Ҳубей ва як тани дигар дар минтақаи худмухтори “Муғулистони дохилӣ” ҷонашонро аз даст доданд. Маркази аслии паҳншавии корона шаҳри Вуҳон, дар устони Ҳубей будааст.