Март 09, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Пирамарди садсолаи чинӣ коронавирусро шикаст дод

Марде 100 сола дар Вуҳани Чин дар ду ҳафта коронавирусро шикаст дод.

Ба нақл аз Спутник, марди 100 сола пас аз ибтило ба коронавирус беҳбуд ёфт ва пас аз 13 рӯз дармон бо доруҳои зиддивирус, доруҳои суннатии чинӣ ва тазриқи пласмаӣ аз бемористон рухсат ёфт.

Ин парамарди 100 сола, ки аз фаромушхотирӣ ва мушкили қалбӣ низ ранҷ мебурд рӯзи шанбе аз бемористоне дар Вуҳан рухсат ёфт.

вай 24 феврал пас аз ибтило ба Ковид-19 дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Коронавирус, ки шуюи он аз охирҳои декабри соли гузашта дар Чин шуруъ шудааст, то кунун 100 ҳазор нафарро мубтало кардааст.

Даври наҳуфтагии ин беморӣ ба таври мутавассит ҳудуди 7 то 14 рӯз аст ва нишонаҳои он шомили таб, бадандард, гулӯдард, сулфа, дарди азулаҳо, обрезиши бинӣ ва сардард пас аз гузашти ин давраи замонӣ дар бадани фарди мубтало зоҳир мешавад.