Октябр 01, 2016 15:15 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз куштори ғайринизомиён ба дасти Амрико

Вазорати умури хориҷии Русия аз куштори ғайринизомиён тавассути ҷангандаҳои амрикоӣ дар Сурия ва Афғонистон иброз нигаронӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи шанбе бо маҳкум кардани бомбаборони мавзеҳои ғайринизомиён аз сӯйи ҷангандаҳои амрикоӣ гуфтааст, акнун бояд аз мақомҳои Вашингтон пурсид, ба нафъи чӣ касе мавозеи низомиёни сурӣ ва афғонро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд. Ӯ афзуд, куштори ғайринизомиён дар Афғонистон ва Сурия тавассути ҷангандаҳои амрикоӣ ғайри қобили пазириш аст.

Чаҳоршанбеи гузашта бар асари ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ба вилояти Нангарҳори Афғонистон 14 ғайринизомӣ кушта шуданд.

19 сентябр низ бар асари амалиёти бесарнишинҳои амрикоӣ ва бомбаборон кардани мавозеи нерӯҳои Ҳукумати Афғонистон ҳашт тан кушта, 28 нафари дигар захмӣ шуданд. Чанде пеш низ ҷангандаҳои амрикоӣ пойгоҳи артиши Сурияро дар Дайр-уз-зур ҳадафи ҳамла қарор доданд, ки бар асари он 62 тан кушта ва беш аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд.