Март 09, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Дастури Путин барои тасҳили дарёфти шаҳрвандии Русия

Раисиҷумҳурии Русия барои тасҳили иқомати дойим ва эътои шаҳрвандии русӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ба вижа коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дастури наверо имзоъ кард.

Ба нақл аз сомонаи Қасри Кремл, бар асоси дастури нави Владимир Путин муқаррароти қаблии дарёфти иқомати муваққат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва коргарони муҳоҷир, ки аз 5 сол то шаш моҳ тӯл мекашид бекор мешавад.

Путин дар нишасти ахири мақомоти ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки аз ин пас иқомати муваққат дар Русия барои дарёфти шаҳрвандии русӣ лозим нест ва бояд муқаррароти осон дар ин замина иҷро шавад.

Бар асоси ин ҳукм бояд то аввали моҳи марти соли 2021 гузорише дар мавриди иҷрои ин дастур ироа ва пас аз он низ ба таври муназзам ҳар шаш моҳ як бор гузоришҳое дар заминаи иҷрои дастуроти муҳоҷиратӣ дода шавад.

Давлати Русия, Вазорати умури дохила, Вазорати умури хориҷа, Созмони амнияти федерал, Вазорати додгустарӣ ва Дафтари раисиҷумҳурии Русия вазифадор шудаанд шароити иҷроии дастуротро барои ислоҳи сохтори муҳоҷирати Русия фароҳам кунанд.

Ба ақидаи коршиносон, давлати Русия мехоҳад бо ҷазби шаҳрвандони хориҷӣ ва додани шаҳрвандии русӣ ба онҳо, нерӯи кори лозим барои таъмини рушди иқтисодии худ фароҳам ва ҷои холии коҳиши ҷамъияти ин кишварро бо шаҳрвандони кишварҳои дигар ва ба вижа Осиёи Марказӣ пур кунад.

Ҳамасола байни 30 то 45 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро мепазиранд.

Барчасп