СБҶ: Хатари ҷаҳонӣ шудани корона бисёр ҷиддӣ аст
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба густариши вируси корона дар саросари ҷаҳон хатари ҳамагирии ҷаҳонии ин вирус дар ҳоли афзоиш ва бисёр ҷиддӣ аст.
Ба гузориши “Рейтерз”, Тедрос Адҳаном Гебреисус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи душанбе дар Женева, мақарри ин созмон ҳушдор дод, акнун ки радди пойи ин вирус дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон пайдо шуда, хатари ибтило ба ҳамагирии беморӣ бисёр воқеӣ шудааст. Адҳаном таъкид кард, мизони маргумири ношӣ аз хурӯҷи корона боло аст ва набояд табақабандӣ барои пиру ҷавон қоил шуд.
Мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамчунин эълом кард, беш аз 70 дарсади мубталоён ба корона дар Чин беҳбуд ёфтаанд.
Ҳарчанд Майк Райан, мудири иҷроияи Барномаи изтирории Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт муътақид аст, ҳоло ки мавориди ибтило ба корона дар 100 кишвар ҷаҳон гузориш шуда ва беш аз 100 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ба ин беморӣ мубтало шудаанд, замони он аст, ки ба ақиб баргардем ва ба ин фикр кунем, ки ҳафтаи гузашта фақат 30 кишвар даргири бемории ношӣ аз вируси корона буд.
Бар асоси охирин омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, шумори мубталоён ба вируси корона дар саросари ҷаҳон аз марзи 110 ҳазор нафар фаротар рафта ва марги беш аз 3 ҳазору 900 нафар ҳам таъйид шудааст.
Густариши вируси корона илова бар қурбонӣ шудани афрод ба хисоратҳои иқтисодӣ дар кишварҳои мухталиф мунҷар шудааст.