Март 10, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Путин бо лағви маҳдудияти даврони раёсатҷумҳурӣ

Раисҷумҳури Русия бо тарҳи лағви маҳдудияти даврони раёсатҷумҳурияш мухолифат кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе дар суханони худ дар Думаи Русия гуфт, бо тарҳи пешниҳодӣ барои лағви маҳдудияти теъдоди давронҳои раёсатҷумҳурӣ мухолиф аст. Путин ҳамчунин бо интихоботи зудҳангоми парлумонӣ мухолифат кард ва гуфт, ниёзе ба ин кор нест.

Раисҷумҳури Русия пешниҳоди бархе тағйирот дар Қонуни Асосии Русияро дода ва қарор аст, русҳо моҳи апрели имсол барои раъй дар бораи ин ислоҳияҳои пешниҳодӣ ба пойи сандуқҳои раъй бираванд.

Дувумин ва охирин давраи раёсатҷумҳурии Путин дар соли 2024 ба поён мерасад. Бар асоси Қонуни Асосии Русия, раисҷумҳур беш аз ду давраи мутаволӣ наметавонад дар ин маснад бимонад.

 

Барчасп