Март 11, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Расонаи Кореягӣ: Марги 200 низомии Кореяи Шимолӣ бар асари коронавирус

Наздик ба 200 нафар аз сарбозон ва низомиёни Кореяи Шимолӣ бар асари ибтило ба коронавирус даргузаштаанд.

Торнамои хабарии Дейли Ин Ки Кореяи Ҷанубӣ муддаӣ шуд, ки ба рағми ҷон бохтани ин афрод, Кореяи Шимолӣ ҳамчунон исроор дорад, ки дар ин кишвар нишоне аз коронавирус нест.

Ин гузориш меафзояд: Илова бар ҷон бохтани даҳҳо низомӣ дар ду моҳи гузашта, ҳазорон нафар ҳам дар карантин ҳастанд.

Пеш аз ин, хабаргузории Юн Ҳопи Кореяи Ҷанубӣ гузориш карда буд, ки 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ карантин шуда, вале 40 дарсади онҳо ба далели надоштани аломатҳои беморӣ аз карантин хориҷ шудаанд.

 

Барчасп