Вируси туғёнгар бозори ҷаҳонии саҳомро ҳам мубтало кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51689-Вируси_туғёнгар_бозори_ҷаҳонии_саҳомро_ҳам_мубтало_кард
Дар паи хурӯҷи ҷаҳонии коронавирус, бозорҳои саҳом дар дунё дар як рӯз 2500 миллиард доллар зиён диданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 11, 2020 11:21 Asia/Dushanbe
  • Вируси туғёнгар бозори ҷаҳонии саҳомро ҳам мубтало кард

Дар паи хурӯҷи ҷаҳонии коронавирус, бозорҳои саҳом дар дунё дар як рӯз 2500 миллиард доллар зиён диданд.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии Алолам, шохиси бозори саҳом дар саросари ҷаҳон беш аз 5 дарсад суқут кард ва ба самти бештарин коҳиш дар як рӯз аз замони мавҷи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар авохири соли 2018 ҳаракат кард.

Арзиши бозорҳои саҳом бо ин коҳиш, дар як рӯз ҳудуди 2500 миллиард доллар зиён дид.

Ин дар ҳоле аст, ки амалиёти хариду фурӯш дар бозори саҳом ба сабаби коҳиши шадиди қимати нафт, бисёр густурдатар будааст.