Март 11, 2020 15:31 Asia/Dushanbe
  • Думаи Русия роҳро барои мондани Путин дар қудрат ҳамвор кард.

Маҷлиси Думаи давлатии Русия бо ҳадафи рафъи монеаҳои идомаи раёсатҷумҳурии Путин пас аз соли 2024, тарҳи ислоҳи Қонуни асосии ин кишварро тасвиб кард.

Ба нақл аз Интерфакс, тарҳи ислоҳи Қонуни асоӣ ба манзури сифр кардани даврони раёсатҷумҳурии Путинро, Валентина Терешкова, нахустин зани фазонварди русӣ ироа кард, ки бо 380 раъйи мувофиқ дар баробари 43 раъйи мухолиф ва як раъйи бетараф тасвиб шуд.

Ин ислоҳия собиқаи ҳузури Владимир Путинро дар раёсатиҷумҳурии Русия сифр ва заминаи ҳузури муҷаддади ӯро дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 фароҳам мекунад.

 

Барчасп