Лағви ҷашнҳои наврӯзӣ дар Озарбойҷон ба далели шуюъи вируси корона
Ҳайати давлати ҷумҳурии Озарбойҷон тасмим гирифт, ба далели хатари шуюъи вируси корона ҷашнҳои наврӯзӣ дар Боку ва дигар шаҳрҳои ин кишвар лағв шавад.
Ба гузориши ИРНА, Ситоди амалиёти вижа дар ҳайати давлати ҷумҳурии Озарбойҷон, барои муқобила бо шуюъи вируси корона, тасмимоте бо мушовираи коршиносон гирифта шудааст.
Ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурии Озарбойҷон мусодиф бо 20 марти ҷорӣ (аввали фарвардини 1399) буда ва рӯзҳои 20 то 27 март (якум то ҳаштуми фарвардин) дар ин кишвар таътили расмӣ эълом шудааст.
Ситоди амалиёти вижаи ҳайати давлати ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди хатари паҳншавии корона дар амокини таҷаммӯи мардум, сешанбе тавсия кард, ки дар моҳҳои пешорӯ маросими арӯсӣ лағв ва аз баргузории густурдаи маросими азодорӣ ҷилавгирӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳонда Ҳормончи, масъули намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ҷумҳурии Озарбойҷон баён кард, ки ин кишвар дар марҳалаи нахусти шуюъи вируси корона қарор мегирад.
Ҳормончи дар нишасти хабарӣ афзуд, ниҳодҳои ҷумҳурии Озарбойҷон саъй доранд мавориди ибтило ба коронаро дар марзҳои ин кишвар шиносоӣ ва аз шуюъи он дар дохили кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Бино ба гузориши расмӣ то ба ҳол 11 нафар дар ҷумҳурии Озарбойҷон ба корона мубтало шуда ва беш аз 500 нафар низ машкук ба ибтило ба ин вирус дар қарантина ба сар мебаранд.