Таъкиди Гутерреш бар ҳимояти байналмилалӣ аз Эрон дар муқобила бо корона
(last modified 2020-03-13T12:49:40+00:00 )
Март 13, 2020 17:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гутерреш бар ҳимояти байналмилалӣ аз Эрон дар муқобила бо корона

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид панҷшанбешаб аз ниҳодҳои зермаҷмӯаи ин созмон ва ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хост то ба Эрон дар мубориза бо вируси корона кумак кунанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Антониу Гутерреш бо баёни ин ки аз мушкилоти ирсоли дору ба Эрон огоҳ аст, гуфт: Созмони Милал бо тамоми тавон ҳар он чӣ мумкин бошад, барои муқобила бо вируси корона ба Эрон кумак хоҳад кард.

Муҳаммадҷаводи зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар номае ба дабири кулли Созмони Милал, ки рӯнавишти он барои руасои созмонҳои байналмилалӣ ва вазирони хориҷаи ҳамаи кишварҳо ирсол шуд, бар зарурати рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон барои муқобила бо корона таъкид кард.

Зариф дар ин нома гуфт, бо вуҷуди тавонмандии илмӣ ва тааҳҳуди низоми саломати Эрон барои мубориза бо шуюъи вируси корона, таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва пешшартҳои ахири мақомоти Вашингтон барои ҷилавгирӣ аз фурӯши дору , таҷҳизоти пизишкӣ ва колоҳои башардӯстона, талошҳо барои мубориза бо шуюъи корона дар Эронро бо мавонеи ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

Зариф бо ишора ба талоши Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои “хушконидани манобеи мавриди ниёзи Эрон барои ҷангидан бо вируси корона” изҳор дошт: “Ҷаҳон дигар наметавонад дар ҳоле, ки терроризми иқтисодии Иёлоти Муттаҳида бо терроризми пизишкӣ пайванд хурдааст, сокит бимонад”.

 

 

 

 

Барчасп