Эътирофи мақомоти Конгираи Амрико ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон
(last modified Sat, 14 Mar 2020 12:27:17 GMT )
Март 14, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи  мақомоти Конгираи Амрико ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон

Доналд Трам, раисиҷумҳури Амрико зимни мухолифат бо тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ва хуруҷ аз он дар майи 2018 сиёсати фишори ҳаддиаксариро алйҳи Эрон дар пеш гирифта ва таҳримҳои бесобиқаеро зидди Теҳрон ба иҷро даровардааст.

Ин масъала на фақат муҷиби интиқодоти зиёди дохилӣ ва хориҷӣ аз давлати Трамп шуда, балки дар бораи таъсиргузор будани сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ низ тардидҳои фаровоне эҷод шудааст. Мақомоти Конгираи Амрико короии ин сиёсатро зери савол бурдаанд.

Дар ин росто Боб Менендез, сенатори баландпояи Кумитаи равобити хориҷии сенати Амрико бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири Ироқ, аз Трамп хост ин воқеиятро бипазирад, ки сиёсати боздорандагӣ ва иҷрои фишор алайҳи Эрон, ноком ва беасар буда ва корзори фишори ҳаддиаксарии вай зидди Эрон корсоз нест. Менендез дар баёнияе эълом кард, бо нисбат додани ҳамалот ба пойгоҳи низомии Ал-Тоҷӣ ба нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон, давлати Трамп бояд бипазирад, ки дар боздорандагии иқдомоти ситезаҷӯёнаи Эрон ноком буда ва баҳои ин нокомиро нерӯҳои амрикоӣ мепардозанд.

Крис Морфӣ, сенатори демократи амрикоӣ низ аз сиёсатҳои ифротии Трамп дар бораи Эрон интиқод кард ва гуфт ин сиёсатҳо сирфан ба тақвияти Эрон мунҷар шудааст. Морфӣ дар твитте гуфт, сиёсати Трамп дар баробари Эрон, ҳеҷ натиҷае надошта ҷуз он ки Эронро қавитар ва Амрикоро заифтар кард. Морфӣ дар саҳифаи Твиттери худ, бо интиқод аз террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба дастури Трамп навишт, қарор буд ҳамла ба сардор Сулаймонӣ, боздорандагии Амрико алайҳи Эронро эҳё кунад, аммо накард.

Эътирофи ин ду мақоми сенати Амрико ба шикасти сиёсати боздорандагии давлати Трамп дар баробари Эрон нишон медиҳад, ки ба рағми иддаоҳои газофи мақомоти амрикоӣ монанди Трамп ва Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар бораи муассир будани ин сиёсат алайҳи Эрон, аммо дар амал чизе оиди Амрико нашудааст ва Эрон чи дар арсаи дохилӣ чи дар арсаи минтақаӣ тавониста дар муқобили фишорҳои бесобиқаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳатто низомии Амрико муқовимати муассире аз худ нишон диҳад. Интиқод аз сиёсати фишори ҳаддиаксарии давлати Трамп мухтасси сиёсатмадорони амрикоӣ набуда, балки мақомоти баландпояи аврупоӣ ба вижа мақомоти олмонӣ ва фаронсавӣ низ бар беасар будани ин сиёсат таъкид кардаанд. Сиёсати пуриштибоҳ ва нокоми давлати Трамп алайҳи Эрон нишон медиҳад, ки ҳатто аврупоиҳо ҳам, ки аз муттаҳидони Амрико дар қолиби НАТО ба ҳисоб меояд пай бурдаанд, ки исрор бар идомаи сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ на фақат роҳгушо нахоҳад буд, балки сирфан мунҷар ба ташдиди танишҳо ва вахомати вазъият хоҳад шуд.

Давлати Трамп умедвор буд бо гирифтани рӯйкарди фишори ҳаддиаксарӣ битавонад Эронро дар чорчуби хостаҳои дувоздаҳгонаи Майк Помпео ба пойи мизи музокира кашонда ва Теҳронро ба пазириши ин хостаҳо водор кунад. Бо ин ҳол мавзеъҳои сареҳи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нафйи қабули хостаҳои номашруи Вашингтон ва низ нафйи музокира бо Амрико, ин мавзӯъро ҳатто барои давлати Трамп низ рушан карда, ки сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ҳеҷ натиҷае ба дунбол нахоҳад дошт. Зимни ин ки муқовимати мисолзадании мардуми Эрон дар баробари ин таҳримҳо, боиси истесоли давлати Трамп шудааст.

Вашингтон бо чеҳрае башардӯстона ва албатта риёкорона ва дар воқеъ барои пушондани паҳлуҳои ғайриинсонии таҳримҳои якҷонибаи худ алайҳи Эрон, муддаии омодагӣ барои кумак ба Эрон дар мубориза бо коронавирус шуда, аммо ин иддаоҳо беасос буда ва давлати Трамп амалан монеаҳои зиёде дар масири дастрасии Эрон ба колоҳои пизишкӣ барои мубориза бо коронавирус эҷод кардааст. Ин масъала муҷиб шуда, то бархе дар Конгираи Амрико хоҳони таҷдиди назар дар ин замина ва бекор кардани таҳримҳо алайҳи Эрон шаванд. Илҳон Умар, намояндаи демократ бо таваҷҷуҳ ба густариши коронавирус дар ҷаҳон хостори таълиқи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон шудааст. Илҳон Умар дар твитте навишт, лозим аст мо ин таҳримҳоро пеш аз он ки ҷонҳои бештаре аз даст бираванд ба ақиб андозем. Ин таҳримҳо акнун боиси камбуди колоҳои пизишкӣ ва марги ашхос дар Эрон шудаанд.