Март 14, 2020 18:27 Asia/Dushanbe
  • Густариши коронавирус дар Амрико ва фарохони Трамп барои дуо

Дар пайи густариши коронавирус дар Амрико, Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар фардо якшанберо ба унвони Рӯзи миллии дуо эълом кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Насим, Трамп дар твитте навишта, ки ифтихори бузурге барои ман аст, ки якшанбе 15 мартро ба унвони Рӯзи миллии дуо ва ниёйиш эълом кунам.

Раисиҷумҳури Амрико афзуд, мо кишваре ҳастем, ки дар таърих дар замонҳое монанди шароити кунунӣ барои муҳофизати худ ба қудрати Худованд рӯй овардаем, бино барин муҳим нест, ки куҷо бошед, ман шуморо ташвиқ мекунам, ки ҳама бо ҳам дуо кунем.

Трамп ҳамчунин рӯзи ҷумъа 13 март дар Конфронси хабарӣ дар Қасри Сафед ҳолати изтирории миллиро дар саросари Амрико эълом кард.

То кунун ҳудуди 1920 нафар дар 48 иёлати Амрико мубтало ба коронавирус шуда ва ҳадди ақал 41 тан ҷон бохтаанд.

 

Барчасп