Баргузории Олимпии 2020 бо вуҷуди хатари коронавирус
(last modified Sun, 15 Mar 2020 06:01:03 GMT )
Март 15, 2020 11:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Олимпии 2020 бо вуҷуди хатари коронавирус

Шинзо Абе, нахуствазири Жопон гуфт, Олимпии 2020-и Токио бо вуҷуди хатарҳои бархоста аз вируси кушандаи корона тибқи барномарезӣ баргузор мешавад.

Ба нақл аз ИРНО, нахуствазири Жопон пеш аз ин низ эълом карда буд шуюи коронавирус дар марҳилае нест, ки давлатро маҷбур ба эъломи вазъи изтирорӣ кунад.

Абе дар як конфронси хабарӣ дар Токио афзуд, коршиносони умури беҳдошт ва дармон ба ин натиҷа расидаанд, ки Жопон шоҳиди афзоиши зиёди мубталоёни коронавирус набудааст; бино барин эъломи вазъи изтирорӣ дар ин кишвар зарурӣ нест.

Бар ин асос, 1423 жопонӣ, ки 697 тан аз онҳо дар киштии Даймонди принсес буданд ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ҳамчунин 28 нафар аз ҷумла 7 нафар аз мусофирони жопонии ин киштӣ, бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Коронавирус охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд.

Ин вирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 140 кишвари дигар низ сироят кардааст.