Март 15, 2020 14:38 Asia/Dushanbe
  • Муқовимати калисои Русия дар баробари тадбирҳои муқобила бо коронавирус

Калисои прословии Русия ба рағми густариши коронавирус эълом кард, калисоҳои ин кишвар таътил намешаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, усқуфи аъзам Илларион, раиси Идораи равобити хориҷии калисои  прословии Русия рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Русия-24 ба рағми ташдиди тадбирҳои давлати ин кишвар барои муқобила бо шуюи коронавирус ба пайрувони худ эълом кард, ки маросими мазҳабӣ ҳамчунон дар калисоҳо барпо хоҳад буд ва ин маконҳо таътил намешаванд.

Ситоди амалиётии ҳушдорҳои интишори коронавирус дар Русия рӯзи шанбе эълом кард шумори беморони коронавирус дар ин кишвар ба 59 нафар расида ва ин нишонаи шуюи рӯзафзуни коронавирус дар Русия аст.

 

Барчасп