Афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Испания
(last modified 2020-03-15T16:25:39+00:00 )
Март 15, 2020 21:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Испания

Мақомоти Испания аз ибтилои 2000 нафари дигар ба коронавирус дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, мақомоти Испания рӯзи якшанбе аз ибтилои 2000 нафари дигар дар ин кишвар ба коронавирус хабар доданд ва бад-ин тартиб, шумори мубталоён ба коронавирус дар Испания аз 8000 нафар фаротар рафт.

Ҳамчунин бар асоси эъломи мақомоти испанӣ, таи 24-соати гузашта дастикам 100 нафар дар ин кишвар ба далели коронавирус ҷони худро аз даст доданд ва шумори қурбониёни коронавирус дар Испания аз 300 нафар фаротар рафт.

Педро Санчес, нахуствазири Испания рӯзи гузашта ба муддати 15 рӯз дар ин кишвар ҳолати фавқулодда эълом кард.

 

Барчасп