Март 16, 2020 15:25 Asia/Dushanbe
  • Намозҳои ҷумъа ва ҷамоат дар Русия кӯтоҳ мешавад

Дар пайи густариши коронавирус дар Русия идораи маънавии мусулмонони ин кишвар эълом кард, ки муддати замони хондани намози ҷумъа бояд ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёбад.

Ба нақл аз Спутник, дар ҳоле, ки  маъмулан намози ҷумъаи мусулмонон дар Русия ҳудуди як соат   тӯл мекашад, муфтии мусулмонони ин кишвар ба имомони ҷумъа дар саросари Русия тавсия кардааст, ки ин намозро ба муддати 10-15 дақиқа коҳиш диҳад.

Илова бар ин тавсия шудааст, ки ба таври куллӣ муддат замони иқомати муштараки мусулмонон дар фазоҳои сарпушида ва баста ба ҳаддиақал бирасад ва муддат замони намозҳои ҷамоат дар рӯзҳои дигар низ кӯтоҳ шавад.

Муфтии мусулмонони Русия таъкид кардааст, мусулмононе, ки эҳсоси заъф мекунанд бояд дар хона бимонанд, дар масҷидҳо ва дигар маконҳои умумӣ ҳузур наёбанд то дигар ашхосро ба хатар наяндозанд.

Ҳамчунин ба ташкилоти мазҳабии мусулмон тавсия шудааст васоили зиддиуфуникунандаи дастҳоро дар маконҳо насб ва дамои бадани муроҷеакунандагонро бо табсанҷ арзёбӣ кунанд ва дар оғӯш кашидан дар байни кормандон ва мусулмонон дар масҷид ба ҳаддиақал бирасад.

 

Барчасп