Март 18, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • Иддаои як ширкати фаронсавӣ дар бораи кашфи доруи коронавирус

Як ширкати дорусозии фаронсавӣ ба номи Hydroxychloroquine, бо номи тиҷории Plaquenil, ки барои дармони малярия истифода мешавад, метавонад беморони мубтало ба коронавирусро низ дармон кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ширкати Sanofi, ки дафтари марказии он дар Париж қарор дорад, натоиҷи озмоиши ин доруро бар рӯи беморони мубтало ба коронавирус навидбахш тавсиф ва эълом карда, ки ин ширкат омодаи ироаи миллионҳо дозаи ин дору ба мақомоти фаронсавӣ аст.

Бар асоси эъломи ширкати  Sanofi, 24 нафар аз беморони мубтало ба короавирус дар Фаронса пас аз 6 рӯзи истифода аз  Plaquenil беҳбуд ёфтаанд.

Аз Hydroxychloroquine дар чанд даҳаи гузашта барои дармони бемориҳои "худэминӣ" монанди лопос ё ревматизм низ истифода мешудааст.

 

 

 

Барчасп