Лузуми вокуниши фаврӣ ба иқдмоти зӯрмандона ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51935-Лузуми_вокуниши_фаврӣ_ба_иқдмоти_зӯрмандона_ва_таҳримҳои_Амрико_зидди_Эрон
Сафири Эрон дар Покистон гуфт: Раҳбарони ҷаҳон, махсусан кишварҳои минтақа, бояд ба иқдомоти зӯрмандонаи Амрико дар ҷилавгирӣ аз дастрасии миллати Эрон ба лавозимоти пизишкӣ вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 19, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Лузуми вокуниши фаврӣ ба иқдмоти зӯрмандона ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Сафири Эрон дар Покистон гуфт: Раҳбарони ҷаҳон, махсусан кишварҳои минтақа, бояд ба иқдомоти зӯрмандонаи Амрико дар ҷилавгирӣ аз дастрасии миллати Эрон ба лавозимоти пизишкӣ вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.

Сайидмуҳаммадалии Ҳусейнӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Покистон дар мақолае, ки рӯзи панҷшанбе дар матбуоти урду ва англисзабони Покистон мунташир шуд, ёдоваар шуд: Бо таваҷҷӯҳ ба ҷаҳоншумулӣ ва умқи фоҷиаи коронавирус, масъулияти раҳбарон сирфан масъалаи дохилӣ нест ва ҳар гуна бетаваҷҷӯҳӣ ба ин бало, мунҷар ба сирояти бештари коронавирус ҳатто ба мардуми кишварҳои худашон хоҳад шуд.

Ҳусейнӣ бо баёни ин, ки далели аслии омори болои маргу мири ношӣ аз коронавирус дар Эрон, иқдомоти зӯрмандона ва якҷониба ва таҳримҳои Амрико аст, тасреҳ кард: Вашингтон дастрасии эрониҳо ба эҳтиёҷоти пизишкиро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст, ки ин рафторҳои ваҳшиёна бар хилофи қонунҳои башардӯстона ва аҳкоми мароҷеи қазоии байналмилалӣ аст.

Сафири Ҷумҳурии ислмии Эрон дар Покистон бо таъкид бар ин, ки идома додани ин вазъият, ба фоҷеаи инсонӣ мунҷар хоҳад шуд ва ниёзманди вокуниши фаврии раҳбарони ҷаҳон ва махсусан, раҳбарони кишварҳои минтақа аст, хотирнишон кард: Масъулияти ҳар гуна беамалӣ ё вокуниши мунфаилонаи соири кишварҳо дар муқобили таҳримҳои ноодилона ва фурсатталабона, бар ӯҳдаи раҳбарони ин кишварҳо хоҳад буд.