Март 19, 2020 19:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар лузуми омодагии Русия барои муқобила бо коронавирус

Раисҷумҳури Русия аз мақомоти ин кишвар хост, омодаи ҳар сенария барои муқобила бо хурӯҷи коронавирус бошанд.

Ба гузориши ТААС, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе гуфт: Давлати ин кишвар бояд омодаи ҳар сенария барои коронавирус бошад. Дар чанд рӯзи ахир овозаҳои зиёде мабнӣ бар карантини Маскав, пойтахти Русия ва манъи рафту омад дар ин кишвар матраҳ шудааст.

Давлати Русия тин овозаҳоро рад кардааст.

Давлати Русия рӯзи панҷшанбе дар баёнияе, дар хусуси иқдомоти суратгирифта барои ҳифозат аз шаҳрвандони ин кишвар эълом кард, шароити кунунӣ яке аз бадтарин бӯҳронҳои ҳавзаи саломат дар 50 соли гузашта аст ва дар сурати лузум, эъмоли маҳдудиятҳо дар кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп