Март 23, 2020 20:37 Asia/Dushanbe
  • Русия тарҳи карантинро барои мубориза бо коронавирус рад кард

Раиси Маркази мудирияти бӯҳрони каронавирус дар Русия эълом кард, ин кишвар ҳеҷ тарҳе барои эъмоли карантини сифту сахт дар ояндаи наздик надорад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Татяна Куликова, муовини нахуствазир ва раиси Маркази мудирияти бӯҳрон коронавирус дар Русия бо тарҳи ин, ки ҳеҷ далеле барои ваҳшат аз хурӯҷи коронавирус дар Русия вуҷуд надорад гуфт: Тадбирҳои пешбинишудаи кунунӣ, барои ҷилавгирӣ аз ташдиди раванди хурӯҷи коронавирус кофӣ аст.

Куликова афзуд: Русия тадбирҳои пешгиронаро зудтар аз ҳар кишваре анҷом дод ва ба ҳамин далел, хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар дар сатҳи маҳдуд боқӣ мондааст.

То кунун 367 нафар дар Русия ба коронавирус мубтало шудаанд ва фақат як нафар ҷон бохтааст.

Барчасп