Русия мубталоён ба коронавирусро аз тариқи телефони ҳамроҳ радёбӣ мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52032-Русия_мубталоён_ба_коронавирусро_аз_тариқи_телефони_ҳамроҳ_радёбӣ_мекунад
Нахуствазири Русия дастур додааст, нармафзоре барои телефонҳои ҳамроҳ сохта шавад, ки бар асоси он, рафту омади афроди мубтало ба коронавирус аз тариқи телефонҳои онҳо қобили радёбӣ бошад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 24, 2020 15:33 Asia/Dushanbe
  • Русия мубталоён ба коронавирусро аз тариқи телефони ҳамроҳ радёбӣ мекунад

Нахуствазири Русия дастур додааст, нармафзоре барои телефонҳои ҳамроҳ сохта шавад, ки бар асоси он, рафту омади афроди мубтало ба коронавирус аз тариқи телефонҳои онҳо қобили радёбӣ бошад.

Ба нақл аз ИРНА, Михаил Мишустин аз вазири иртибототи Русия хостааст, афроди мубтало ба коронавирус ва касонеро, ки бо онҳо иртибот доранд, аз тариқи телефони ҳамроҳ радёбӣ кунад.

Ба гуфтаи нахуствазири Русия, ин нармафзор бояд ба афроди дигар иттилоъ диҳад, ки дар наздикии фарде қарор доранд, ки ба коронавирус мубтало шудааст ва онҳо ҳам бояд худро дар карантин қарор диҳанд.

Ҳамчунин ин нармафзор бояд ин иттилоотро  барои Ситоди муқобила бо хурӯҷи бемории коронавирус дар минтақае, ки чунин иттифоқе афтодааст ирсол шавад.