Март 25, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Толибон ба минтақаи марзии Маймана

Толибон ба минтақаи марзии Майманаи Афғонистон ҳамла кард.

Ба нақл аз Спутник, Ҳодӣ Ҷамол -сухангӯи артиши Афғонистон дар шимоли ин кишвар гуфт, Толибон ба минтақаи Маймана дар вилояти шимоли шарқии  Бадахшон дар марз бо Тоҷикистон ҳамла карданд.

Ҷамол гуфт, ин ҳамла соати 22 оғоз шуд ва ҳафт нафар аз ниманизомиёни Толибон дар ин ҳамла кушта ва 8 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Ӯ гуфт, нерӯҳои вижаи Вазорати дифои Афғонистон амалиёти низомиро дар вилоятҳои шимоли шарқии Афғонистон- Бадахшон, Қундуз, Тахор иҷро мекунанд.