Нишасти Гурӯҳи 7 бидуни баёния поён ёфт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52077-Нишасти_Гурӯҳи_7_бидуни_баёния_поён_ёфт
Нишасти вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи 7, ки ба далели шуюи коронавирус ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, бидуни тавофуқ бар сари баёнияи муштарак поён ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 26, 2020 14:01 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Гурӯҳи 7 бидуни баёния поён ёфт

Нишасти вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи 7, ки ба далели шуюи коронавирус ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, бидуни тавофуқ бар сари баёнияи муштарак поён ёфт.

Пойгоҳи хабарии рӯзномаи Вашингтон-Пост чаҳоршанбешаб гузориш дод: Нишасти маҷозии вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи 7 ба далели мухолифати аъзо бо пешниҳоди Вашингтон  бар асоси қайд кардани иборати  вируси Вуҳан бидуни интишори баёния ба кори худ поён дод.  

Нишасти вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи 7 рӯзи сешанбе ва ба далели шуюи коронавирус ба сурати видеоконфронс баргузор шуд.  

Нишасти раҳбарони Гурӯҳи 7 низ рӯзи душанбеи гузашта ба далели нигарониҳо аз афзоиши шуюи коронавирус ба сурати маҷозӣ баргузор шуда буд.  

Дар тасвире, ки аз ин видеоконфронс мунташир шуда буд, Доналд Трамп- раисиҷумҳури Амрико, Ҷостин Тродо-нахуствазири Канада, Ангела Меркел- садриаъзами Олмон, Эманоел Макрон- раисиҷумҳури Фаронса, Борис Ҷонсон нахуствазири Британия, Шинзо Абе-нахуствазири Жопон ва Ҷозеп Конте- нахуствазири Италия дар видеоконфронс қобили мушоҳида ҳастанд.  

Вашингтон-Пост дар ин замина навишт: Нишасти вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи 7 ба далели мухолифати аъзо бо пешниҳоди Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико мабни бар қайди иборати вируси Вуҳан бидуни интишори баёнияи муштарак ба кори худ поён додааст.  

Помпео гуфта буд: Ин бисёр муҳим аст, ки қайд кунем, ки ин вирус аз куҷо омадааст.  

Пеш аз ин истифодаи Трамп аз иборати вируси чинӣ бо эътирози шадиди мақомоти Пекин рӯбарӯ шуда буд.  

Мақомоти чинӣ мегӯянд, ба рағми ин ки ин вирус аз Чин оғоз шудааст, аммо иллати шуюи он дар ин кишвар ҳануз мушаххас нашудааст.