Март 28, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақоми Созмони Миллал дар бораи паёмадҳои шуюи коронавирус

Дабири иҷроии Комиссиони иқтисодӣ ва иҷтимоии ғарби Осиё дар Созмони Миллали Муттаҳид паёмадҳои шуюи коронавирусро тарснок хонд.

Ба гузориши рӯзномаи Ал-Явм Ал-Собеъ, Рола Даштӣ бомдоди шанбе эълом кард: Арзёбиҳои аввалия дар хусуси паёмадҳои бархоста аз шуюи коронавирус бисёр тарснок аст; зеро инсонҳои зиёдеро аз даст хоҳем дод, ки қобили ҷуброн нест.

Дабири иҷроии Комиссиони иқтисодӣ ва иҷтимоии ғарби Осиё дар Созмони Миллали Муттаҳид афзуд: Шуғлҳои зиёде дар натиҷаи шуюи коронавирус аз байн хоҳад рафт, ҳамчунон, ки миллиардҳо доллар хасорат барҷо хоҳад монд.

Даштӣ тасреҳ кард: Шуюи коронавирус муҷиби фақир шудани бисёре, маҳрумияти бисёре аз паноҳҷӯён ва оворагон аз дарёфти кӯмак, афзоиши хушунат алайҳи занон ва вахомати вазъияти беҳдоштии онон хоҳад шуд.

Узви Созмони Миллали Муттаҳид афзуд, ҳалли паёмадҳои бархоста аз шуюи коронавирус танҳо бо иқдомоти маҳаллӣ бартараф нахоҳад шуд, балки бояд тадбирҳое дар сатҳи кишварҳо сурат гирад.

Шумори мубталоён ба корнавирус дар саросари ҷаҳон ба 597 ҳазору 262 нафар расида, ки 27 ҳазору 365 тан фавт шуда ва 133 ҳазору  363 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Барчасп