Март 28, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Амрико бо озод кардани дороиҳои Эрон барои муқобила бо коронавирус

Амрико дар шароити буҳронии коронавирус бо озод кардани дороиҳои Эрон барои муқобила бо ин вирус мухолифат кардааст.

Вебсайти  (The Washington Free Beacon) бомдоди шанбе ба нақл аз Вазорати хориҷаи Амрико навишт: Вашингтон гузоришҳои ахир мабни бар ин ки давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар ба зудӣ муофиятҳои вижае барои дастрасии Эрон ба дороиҳояш ироа хоҳад кард, нодуруст хонд.  

Пойгоҳи хабарии Мидел-Ист-Ай  рӯзи ҷумъа дар матлабе навишт: Амрико бо ироаи муофияти таҳрим ба бархе кишварҳо барои кӯмак ба Эрон ҷиҳати хариди дору ва таҷҳизот барои муқобила бо коронавирус мувофиқат кардааст.  

Бар асоси ин гузориш, бахши зиёде аз дороиҳои Эрон ба далели таҳримҳои давлати Трамп алайҳи Эрон дар ҳоли ҳозир дар бисёре аз ҳисобҳои бонкии Аврупо масдуд шудаанд.  

Ба рағми дархостҳо ва фишорҳои байналмиллалӣ барои рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон бо таваҷҷуҳ ба шуюи коронавирус ва лузуми муқобила бо он, Вашингтон ҳамчунон бар тадовуми ин рӯйкарди ғайриинсонӣ таъкид мекунад.  

Маҷиди Тахтиравончӣ, намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бо ишора ба ин ки Эрон аз назари пизишкӣ ва таҷҳизоти марбута дар сатҳи хубе қарор дорад афзуд: Таҳримҳои золимонаи Амрико муҷиб шуда Эрон натавонад аз ҳамаи зарфиятҳояш барои мубориза бо коронавирус истифода кунад. 

Равончӣ таъкид кард: Таҳримҳои Эрон тамоми башариятро ҳадафи ҳамла қарор медиҳад.

Барчасп