Март 29, 2020 10:34 Asia/Dushanbe
  • Поёни карантини  Вуҳан марказ шуюи коронавирус дар Чин

Вуҳан, конуни аслии шуюи коронавирус дар Чин, саранҷом баъд аз ду моҳ мамнӯияти омадурафт рӯзи шанбе аз карантин хориҷ шуд.

Ба гузориши ИРНО, пас аз ин ки Комиссиони миллии беҳдошти Чин рӯзи шанбе эълом кард, ки барои ҳафтумин рӯзи мустамар ҳеҷ мавриди ҷадиде аз ибтило ба коронавирус дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст, карантини думоҳаи шаҳри Вуҳан низ ба дастури давлат поён ёфт.

Ҳаракати қатораҳо дар вилояти Ҳубейи Чин конуни аслии шуюи коронавирус дар ин кишвар аз рӯзи 25 март аз сар гирифта шудааст, аммо 17 истгоҳ дар шаҳри Вуҳан аз рӯзи шанбе иҷозатномаи тараддуд касб карданд.

Афроде, ки дорои коди беҳдоштӣ дар шаҳрҳои вилояти Ҳубей ғайр аз Вуҳан ҳастанд метавонистанд аз рӯзи чаҳоршанбе ин вилоятро тарк кунанд ва афроди дорои коди беҳдоштӣ дар Вуҳан ҳам метавонанд аз 8 апрел аз ин вилоят хориҷ шаванд, аз рӯзи 28 март ҳам вуруди афрод ба Вуҳан муҷоз шудааст.

Бар асоси ин гузориш, боз шудани тараддуд ва омадурафт дар ин шаҳри 9 миллионнафарӣ бори дигар умедро дар миёни мардуми ин шаҳр ва ҳамчунин саросари ҷаҳон зинда кард, ки коронавирус шикастпазир аст ва бо ҳамдилӣ ва ҳамроҳии мардум метавон бар он ғалаба кард.