Тасдиқи гирифтории бархе аз ҳоҷиёни Туркия пас аз давраи карантин
Озмоиши коронаи шуморе аз умрагузорони Туркия пас аз давраи карантин дар бозгашт аз Арабистон таъйид шуд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, теъдоде аз умрагузорони турк, ки пас аз бозгашт аз Арабистон дар карантини 14 рӯза ба сар мебурданд дар рӯзи охири карантин мавриди озмоиш қарор гирифта ва тести коронавируси онҳо мусбат эълом шуд.
Пеш аз ин, мақомоти Туркия бо ишора ба камкории Арабистон дар иттилоърасонӣ накардан дар бораи шуюи коронавирус дар ин кишвар, гуфта буданд дар бозгашти ҳоҷиёни ин кишвар мутаваҷҷеҳи шуюи коронавирус шуданд дар ҳоле, ки мақомоти Арабистон ҳеҷ иттилое дар ин бора надода буданд.
Аммо хабари дигар аз Туркия ин ки вазири умури дохилии ин кишвар аз иҷрои қонуни тараддуди плокҳои завҷ ва фард дар хиёбонҳои Истанбул, Анқара ва Измир хабар дод.
Сулаймон Суйлӯ бо ишора ба афзоиши контрол ва сахтгириҳо дар мабодии вурудӣ ва хурӯҷии шаҳрҳои Туркия гуфт: Қонуни тараддуди плокҳои завҷ ва фард дар хиёбонҳои Истанбул, Анқара ва Измир ба иҷро гузошта хоҳад шуд.
Вай афзуд агар эҳтиёҷ бошад барои дигар шаҳрҳо низ ба иҷро гузошта мешавад.
Вазири умури дохилии кишвари Туркия ҳамчунин бо баёни ин ки беш аз 95 дарсади мардум дархости давлат барои дар хона монданро риоят мекунанд тасреҳ кард: Агар аз вазъияти мавҷуд касе дучори сахтӣ дар маоши худ шавад давлат ниҳодҳоеро барои кӯмак ба ӯ дорад.
Шумори мубталоёни қатъӣ ба КОВИД- 19 дар Туркия дар маҷмӯъ ба 9 ҳазору 217 нафар расид, ки аз ин теъдод, то кунун 131 нафар ҷон бохта ва танҳо 105 нафар беҳбуд ёфтаанд.