Апрел 01, 2020 15:12 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ишғолгарии режеми саҳюнистӣ аз сӯи шахсиятҳои покистонӣ

Бисёре аз шахсиятҳои покистонӣ идомаи ишғолгарии режеми саҳюнистӣ ва тавтеаи он барои густариши вируси корона дар сарзаминҳои фаластиниро маҳкум карданд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон шахсиятҳои покистонӣ рӯзи сешанбе дар паёмҳои видеоии худ дар шаҳри Карочӣ, аз уммати исломӣ барои муқобила бо тарҳҳои шайтонии режеми ғосиби саҳюнистӣ, ки бо пуштибонии комили Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳамроҳ аст, даъват карданд.

Собир Абумарям-дабири кулли бунёди ҳимоят аз Фаластин дар Покистон, бо маҳкумияти идомаи муҳосираи Ғазза аз сӯи нируҳои режеми саҳюнистӣ ҳамзамон бо густариши вируси корона дар сарзаминҳои ишғолӣ, аз ҷомеа ҷаҳонӣ хостанд, то нақши худро барои ҳалли масъалаи Кашмир низ ифо кунад.

Намояндагони баландпояи ҳизбҳои Муслим Лиг (шохаи Навоз), Мардум, Маҷлиси ваҳдати муслимин, Ҷамъияти аҳли ҳадис, Ҷамоати исломӣ ва созмони донишҷуёни Имомия бо ширкат дар маросими видеоконфронси бузургдошти рӯзи "Сарзамини Фаластин", аз мусулмонони Фаластин ва ормонҳои онон барои дифоъ аз сарзаминашон ва мубориза алайҳи ишғолгарии саҳюнистҳо ҳимоят карданд.

 Онон ҳамчунин бар зарурати тақвияти ваҳдат ва якпорчагии мусулмонон дар баробари тавтеаҳои пеши рӯйи ҷаҳони ислом аз ҷумла Фаластин таъкид карданд.

 Саҳюнистҳо 30 марти 1976 ҳазорон гектар аз заминҳои фаластиниён дар Алҷлил дар шимоли Фаластинро мусодира карданд, ки дар пай ин иқдоми ҷинояткорона, мардуми Фаластин тазоҳурот карданд. Эътирози фаластиниҳо ба иқдоми ғосибонаи Исроил ба даргириҳои шадид байни онҳо ва низомёни исроилӣ анҷомид, ки дар ин даргириҳо 6 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи ишғолгарон ба шаҳодат расида ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шуданд

 

Барчасп