Таъкиди Русия бар бекор кардани таҳримҳо дар шароити шуюи коронавирус
Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе аз мухолифати Амрико ва бархе ҳампаймонони он барои бекор кардани таҳримҳои якҷониба ва худдорӣ аз иҷрои ин сиёсат дар шароити густариши ҷаҳонии коронавирус ибрози таассуф кард.
Ба нақл аз ИРНО, Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе бар зарурати ҳамбастагии ҷаҳонӣ дар баробари шуюи коронавирус дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид кард ва аз дабири кулли Созмони Миллал хост талоши худро барои бекор кардани таҳримҳо ва иқдомоти табъизомез дар ҷаҳон бештар кунад.
Русия бо ишора ба нақши Созмони Миллал дар ин арса гуфт: Аз қатъномаи маҷмаи умумии Созмони Миллал дар ин мавзӯъ, ки кишварҳои Ғано, Лихтенштейн Индонезия, Норвегия, Сингапур ва Швейтсария буданд истиқбол мекунем ва аз тасвиби ин қатънома ҳамчунон ҳимоят хоҳем кард.
Дар идомаи ин баёния омадааст: 28 кишвари ҷаҳон ҳомии ин баёния буданд, аммо Амрико, Англия, Иттиҳодияи Аврупо, Гурҷистон ва Украина монеи тасвиби он шуданд ва ин дар ҳолест, ки мо бар ин боварем, ки дабири кулли Созмони Миллал дар ин шароити фавқулода бояд хостори бекор кардани таҳримҳои табъизомез шавад.