Мамнуъияти муваққати барпоии намози ҷамоат дар Русия
(last modified Mon, 06 Apr 2020 03:27:59 GMT )
Апрел 06, 2020 08:27 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъияти муваққати барпоии намози ҷамоат дар Русия

Дар пайи шуюи коронавирус дар Русия барпоии намози ҷамоат дар ин кишвар то 30 апрел мамнуъ шуд.

Ба нақл аз Спутник, Идораи маънавии мусулмонони Русия эълом кард, ки ба хотири пешгирӣ аз шуюи коронавирус, намози ҷамоат дар масҷидҳои Маскав ва атрофи ин шаҳр то поёни моҳи апрел баргузор намешавад.

Бар асоси дастури Равил Айниддин, раиси Идораи маънавии мусулмонони Федератсияи Русия ва раиси Шурои олимони Русия таъкид кардааст, ки дигар маросими мазҳабии мусулмонон низ то 30 апрел баргузор нахоҳад шуд.