Апрел 06, 2020 11:31 Asia/Dushanbe
  • Сохти бемористони вижаи беморони коронавирус дар Афғонистон

Бемористони вижаи дармони беморони КОВИД 19 бо ҳузури муовини раиси ҷумҳури Афғонистон дар шаҳри Ҳарот ба баҳра бардорӣ расид.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, ин бемористон сад тахтихобе ба дастури Ашраф Ғанӣ- раиси ҷумҳури Афғонистон барои дармони беморони КОВИД19 сохта шудааст.  

Сохти ин бемористон бист рӯз қабл оғоз шуда буд, ба ҳамин далел Сарвар Дониш аз суръатамали муҷриёни сохти ин бемористон қадрдонӣ кард.  

Ҳарот бо доштани дусаду чаҳордаҳ фарди олуда ба коронавирус бештарин беморони КОВИД19-ро дар миёни сию чаҳор устони Афғонистон дорад.  

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълом кард : Бо мусбат шудани озмоиши сию ҳашт фарди машкук ба бемории КОВИД19 , маҷмӯи шумори афроди олуда ба вируси корона дар Афғонистон то рӯзи якшанбе ба сесаду сию ҳафт нафар расидааст.

Барчасп