Апрел 06, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Чин 4 миллиард ниқоби тиббӣ ба ҷаҳон фурухтааст

Чин аз ибтидои моҳи март то кунун барои муқобила бо вируси нави корона ҳудуди 4 миллиард ниқоби тиббӣ ба 50 кишвари хориҷӣ фурухтааст.

Ба нақл аз ИРНО, бо вуҷуди коҳиши теъдоди мубталоён ба коронавирус дар саросари хоки Чин, Пекин корхонаҳоро ташвиқ мекунад то дар замоне, ки дигар кишварҳо бо камбуд мувоҷеҳ ҳастанд, тавлиди таҷҳизоти пизишкиро афзоиш диҳанд.  

То кунун беш аз як миллиону 250 ҳазор нафар дар кишварҳои ҷаҳон ба вируси КОВИД 19 мубтало шуда ва беш аз 68 ҳазор тан ҷони худро аз даст додаанд.  

Ҷин Ҳой, як мақоми Идораи гумруки Чин гуфт: Аз ибтидои моҳи март, Чин ба беш аз панҷоҳ кишвар 3,86 миллиард ниқоби тиббӣ, 37.5 миллион даст либоси муҳофиз , 16 ҳазор дастгоҳи танаффус ва 2.84 миллион дастгоҳи ташхиси коронавирус содир кардааст.  

Арзиши ин содирот 10.2 миллиард юан баробар бо 1.33 миллиард евра баровард шудааст.  

Аз сӯи дигар бархе кишварҳо аз сифати таҷҳизоти пизишкии чинӣ шикоят кардаанд.

Дар ҳамин замина, Нидерланд 28 март эълом кард, ки 600 ҳазор ниқоби тиббии чиниро ба далели мутобиқ набудани онҳо бо стандартҳои сифат бозгардондааст. 

Ҷиянг Фин, яке аз мақомоти Вазорати бозаргонии Чин гуфтааст: Чин дорои стандартҳо ва меъёрҳое аст, ки бо дигар кишварҳо тафовут доранд.  

Дар айни ҳол Чин қавонини марбут ба содироти таҷҳизоти пизишкии вижаи коронавирусро сахттар карда ба гунае, ки ин маҳсулот мутобиқ бо стандартҳои чинӣ ва муқаррароте аст, ки кишварҳои воридкунанда эълом кардаанд.