Рекорди ҷадиди корона дар Русия
Апрел 07, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
Бо ибтилои беш аз ҳазор нафар дар як шабонарӯз ба корона дар Русия ин беморӣ дар ин кишвар рекорди ҷадиде бар ҷой гузошт.
Ба гузориши “Спутник”, Ситоди амалиёти муқобила бо корона дар Русия эълом кард, барои нахустин бор аз ибтидои шуюи корона дар ин кишвар дар шабонарӯзи гузашта ҳазору 154 мавриди ибтило ба ин вирус дар 43 минтақаи Русия сабт шуд.
То кунун шумори беморони корона дар Русия ба 7 497 нафар расидааст, ки аз байн онҳо 494 нафар беҳбуд ёфта ва 58 нафар низ фавт кардаанд.
Русия аз ду ҳафта пеш барои ҷилавгирӣ аз густариши корона ба сурати расмӣ таътил шудааст ва ин таътилот то 30 апрел идома дорад. Бо ин ҳол ҳамчунон корона дар ҳоли густариш дар паҳновартарин кишвари ҷаҳон аст.
Барчасп