Апрел 11, 2020 16:40 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани давлати Афғонистон ба монеатарошӣ дар музокироти сулҳ

Гурӯҳи Толибон давлати Афғонистонро ба монеатарошӣ дар музокироти сулҳи банулафғонӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Забиҳуллоҳ Муҷоҳид- сухангӯи Толибон рӯзи шанбе бо ишора ба тавофуқи ин гурӯҳ бо Амрико дар Қатар ва таъкид бар озодии зиндониёни Толибон бар асоси рӯйхатти ироашуда гуфт: Давлати Афғонистон дар ин бора баҳонаҷӯӣ мекунад ва замоне, ки ҳайати фаннии ин гурӯҳ аз Кобул ба Қатар бозгашта, иқдом ба озодии як идда аз зиндониёни номаълум кардааст.

Сухангӯи Толибон муддаӣ шуд , давлати Афғонистон бо эҷоди монеа дар раванди сулҳ дар пайи тахриби ин раванд ва низ ба думболи ҳалли масоил аз тариқ ҷанг аст.

Ин изҳороти сухангӯи гурӯҳи Толибон дар ҳолест, ки давлати Афғонистон ба манзури ҳусни ният ва дар ниҳоят ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар, 200 зиндонии Толибонро озод кард.

Дар ҳамин иртибот, Суҳейл Шоҳин- сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар имрӯз шанбе аз дидори намояндагони ин гурӯҳ ва Амрико дар Афғонистон хабар дод .